ҲАМАДОНӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев бо ҳамроҳии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Ҷалилов ва Фирӯз Пиров бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Алишер Навоӣ, Садриддин Айнӣ ва А.Синои ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.
Исмоил Гадоев оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат санаи 12-уми майи соли равон баргузор гардид, бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Истиқоматкунандаи маҳаллаи А. Сино Қосимова Нозигул дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон даъват ба амал овард, ки хусусан дар рӯзи иди шарифи Рамазонон ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.