БАЛҶУВОН. Ба ифтихори 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири ширинкалому нуктасанҷ ва лирики зиндаёди Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Балҷувон миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона ва омӯзгори муассисаи мазкур аз фанни забону адабиёт Мирзоева Рухшона озмуни иншои беҳтарин доир ба мавзӯи достони “Ҷони ширин”-и Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Сараввал Муродова Марҷона оид ба бузургдошти шоир ва ашъори пурғановати устод Мирзо Турсунзода ибрози андеша намуда, қайд кард, ки ашъори Мирзо Турсунзода гуногунпаҳлӯ буда, форам ба гӯш менишинад. Ӯ шоирест ватанпарвар, бо ғурури баланди инсонӣ ва аз лобалои ашъораш насими тоза бо назофату накҳати ин хоки гуҳарбор ба машом мерасад. Васфи адолати иҷтимоӣ, Ватан, сулҳу дӯстӣ, садоқат ба ёру диёр, саодати рӯзгор ва тараннуми зебоиҳои хоки файзбори тоҷикон ҳамеша мароми ӯ буд.
Сипас, иншоҳои навиштаи хонандагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, хонанда Зоирзода Лайлӣ сазовори ҷойи якум, Гулмаҳмадзода Сиёвуш ҷойи дуюм ва Асомуддинзода Дилназир ҷойи сеюмро ишғол намуданд, ки воқеъан шоистаи таҳсин буда, рӯзи баргузории конференсия бахшида ба 110-солагии шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода ғолибон бо туҳфаҳо ва сипономаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон сарфароз гардонида мешаванд.