БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРУХ ҚИСМИ ҶУДОНОПАЗИРИ ТОҶИКИСТОН

Ҳодисаҳои охири дар Ворух рухдода моро водор мекунад, ки зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем. Пеш аз ҳама гуфтани як нукта хеле муҳим аст, ки Ворух қисми ҷудонопазири Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад.

АНДЕША. Аз таърих маъмул аст, ки ҳудуди имрӯзаи Ворух то асрҳои 1-2 ба ҳайати Даван дохил мешуд, ки марзи водии Фарғонаро дар бар мегирифт. Аз ёфт шудани баъзе осори аҳди Кӯшонӣ (муҳр) ва Ҳайтолиҳо (тобути чӯбӣ) дар Ворух метавон ба хулосае омад, ки қасабаи Ворух дар ҳайати ин давлатҳо дохил буд. Дар асрҳои 11-12 ноҳияи Исфара ва Ворух чун дигар ноҳияҳои водии Фарғона ба ҳайати давлати миллии тоҷикон — Сомониён дохил шуд. Дар асрҳои 11-12 сарзамини Ворух зери салтанати Қарахониён қарор дошт. Катибаи дар кӯҳпораи даромадгоҳи Тангии Ворух бозёфтшуда, ки садсолаҳо пеш шахси номаълуме рӯйи санг ҳаккокӣ кардааст, аз қадимӣ будани ин сарзамин шаҳодат медиҳад.Аз ҷумла дар он омадааст: «Катибаи мазкур рӯзи сешанбе, якуми моҳи ҷимодиюлаввали соли 413 ҳиҷрӣ бо фармони ҳокими Исфара Саид Муиззуддавлаи одил, писари амир Наср, писари Алӣ Саидхони шарафманд, ки ӯ мурид ва пешвои дини мубини ислом аст, навишта шудааст. Ӯ умед дорад, ки Худованд шарафу шуҳрати ӯро баланд гардонад, гуноҳҳои ӯро мағфират намояд ва ба дидори пешво ва пайғамбри дини ислом Муҳаммад (с) муяссар ва мушарраф гардонад. Ва мепурсад, ки марғзору киштзору сарзамини ӯро, аҳлу наздикони ӯро Худованд шарафманд гардонида, дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад».

              Дар «Бобурнома»-и Заҳируддини Бобур низ доир ба Исфара дар асрҳои 15-16 маълумот дода, аз Ворух низ ном бурда шудааст: «Дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш дарахти бодоманд. Мардумаш тамом сорт ва кӯҳӣ, форсигӯянд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр».

Аз соли 1870 давраи нави афзоиши аҳолии маҳаллии Ворух оғоз мешавад. Хусусияти асосии ин давра якбора зиёд шудани аҳолии маҳаллӣ аз ҳисоби муҳоҷирони қаротегинӣ ва мастчоҳӣ буд. Маҳз дар ҳамин давра берун аз ҳудуди маркази таърихӣ маҳаллаҳои нав ташкил ёфтанд. Маҳаллаи Қалъача ва Гузар куҳнатарин маҳаллаҳои Ворух ба ҳисоб рафта, баъдтар маҳаллаҳо бо мурури вақту замон васеъ шуданд. Як қисмати аҳолии деҳаи Ворух ба ҳудудҳои шимолӣ кӯчидаанд. Масалан, ба деҳаҳои Лаккон, Пирдевак, Зархоки Исфара, Конибодом ва Қӯқанд. Аз ҷиҳати антропологӣ тоҷикони Ворух бо тоҷикони Чоркӯҳ, Сух ва деҳоти Ашт хеле наздиканд.

Омӯзиши комили таърихи Ворух дар давраи шӯравӣ оғоз ёфта, то ҳол давом дорад. Дар омӯзиши таърихи ин деҳа саҳми олимони шӯравӣ А. П. Федченко, Б. А. Литвинский ва Е. А. Давидович бузург аст.

Ковишҳои бостоншиносии солҳои 50 садаи XX, ки бо сарварии Б. А. Литвинский дар Ворух сурат гирифтаанд, бисёр саҳифаҳои таърихи ин деҳаро равшан намуданд. Дар ин давра ёдгориҳои археологӣ, пуштаҳои гӯри чорводорону кишоварзон, ки аҳолии маҳаллӣ «Гӯри муғ» мегӯянд, мавриди таҳқиқи илмӣ қарор гирифт. Ин ковишҳо дар Ворух собит намуданд, ки дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми пеш аз мелод, ибтидо ва миёнаҳои ҳазорсолаи якуми мелодӣ дар ин деҳаи кӯҳӣ дар қатори кишоварзони муқимӣ чорводорони зиёде низ паҳлӯи ҳам зиндагӣ ба сар мебурдаанд. Ҳангоми ковишҳо аз ин гӯр – қӯрғонҳо зарфҳои гуногуни нафиси кулолӣ, осори заргарӣ ва дигар маснуоти ҳунарӣ дарёфт гардиданд, ки маҳсули устоҳои таҳҷоии муқимӣ буданд. Ин ашёи нафиса аз равобити доимии иқтисодии байни тоифаи аҳолии чорводор ва кишоварзон гувоҳӣ медиҳанд.

         Таҳқиқоти антропологии олими рус Т. П. Кияткина ғайричашмдошти баъзе довталабони равияи пантуркистӣ нишон дод, ки аҳолии чорводор аз рӯйи нажоду насаб ва забон аз сокинони муқимӣ фарқ намекарданд ва ба ирқи брахистефали аврупоӣ, ки тоҷикон низ марбут ба ин ирқанд, тааллуқ доштанд. Мувофиқи хулосаи муваррихи рус Ворух И. Бушков дар асри 2 м дар ҳудуди деҳа тақр. 100—120 нафар одам зиндагӣ мекард, ки онҳоро метавон ҳамчун як авлод ва ё қабила муаррифӣ кард. Умуман, ҷойгиршавии аҳолӣ дар ин ҳудуди Фарғона аз шимолу шарқ оғоз шуда, ба ҷанубу ғарб идома меёбад, ки дар раванди он чорводорон баландкӯҳу чарогоҳҳои нав ба навро аз худ менамоянд. Дар асрҳои миёна ин раванд баръакс мегардад ва муҳоҷирон аз болооби Зарафшон ва Қаротегин ба шимолу шарқ, ки дар давраи дури таърихӣ ватани аслиашон буд, мекӯчанд. Ҳам дар Ворух ва ҳам дар водии Сух аҳолии Қаротегину Мастчоҳ маскан мегузинанд.

Ворух яке аз қадимтарин масканҳои аҷдоди халқи тоҷик буда, аз мавзеъҳои Пули Офтобрӯ, Лар, Заминун, Кех, Шахи Сафед, Тамлик, Чакак, Нови Ағва, Қалъаи Бақо, Хоҷаи Имом, Бодомча, Хоҷаи Ғор, Шолидаврон, Лочин, Беди Каҷ, Тангии Ворух иборат аст.

Ҳусейнова Сайёра, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg