БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ МАРЗ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Дар таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои зиёде сабт гардидааст, ки бештари онҳо барои ҳимояи меҳан, сарзамин, нангу номуси ватандорӣ мебошанд. Корнамоиҳои Шерак, Темурмалик, Восеъ, шаҳодати он аст, ки ин миллат дар ҳама давру замон бо паҳлавонону сарбозонаш тавонистааст худро ҳифз намояд.

Дар шароити муосир кишвари азизи мо баҳри беҳбудии марз ва мусаллаҳ намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо лавозимоти ҳарбӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.

Назорати сарҳад ва ҳудудҳои марзиву маъмурӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Соли ҷорӣ дар Рӯзи Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ гузаронида шуда, дар он тамоми таҷҳизотҳои муосири ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд. Ман ҳамчун шаҳрванд ифтихор мекунам, ки кишвари азизи ман аз ҷиҳати лавозимоти ҳарбӣ таъмин буда, иқтидори ҳимоявӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо 5 давлат ҳамсарҳадӣ дошта, дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо азму талоши сулҳҷӯёна фаъолият мебарад. Дар ин радиф бо тамоми давлатҳои ҳамсоя робитаҳои  дӯстона дошта ва ин робитаҳоро ба дигар давлатҳои байналмилалӣ таблиғу ташвиқ менамояд.

Дар муносибатҳои дипломати давлати мо баҳри манфиатҳои умумибашарӣ сухан мегӯяду диққати ҷаҳониёнро ба ин ҷалб мекунад. Кишвари мо доимо сулҳ ва амниятро таблиғу ташвиқ карда ва инро беҳтарин неъмат медонад.

Ишмуродов Ҳакимҷон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg