БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҲИЗБӢ БА ДАВРИ ВИЛОЯТӢ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати  татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо мақсади татбиқи босамару вусъати ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии чавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиѓи ѓояҳои созандаи башарпарваронаи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон ҲХДТ кормандони  Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб  дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи  таблиғи озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем»-ро дар байни кӯдакону наврасони аз 6 то 18-сола, ки ба гурӯҳи маъюбон шомиланд, баргузор намуда истодааст.

Аз ин ҷост,ки дар ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо иштироки раиси Кумитаи ичроия Назарзода Толибҷон озмуни ҳизбӣ баргузор гардида, дар озмуни мазкур  беш аз 10 нафар маюбони аз синни 6 сола то 18-сола аз рӯи 3 номинатсия -маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ, - маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ иштирок намуданд.

Дӯстова Қиматгул маъюби гурӯҳи дуюм соли таваллудаш 2012 аз рӯи номинатсияи суханварӣ ва қироати шеър ва Раҳмонов Абдулло маъюби гурӯҳи якум соли таваллудаш 2013 аз рӯи номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ соҳиби ҷоиҳои намоён гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg