ШАҲРИТУС. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ҷавонон, фаъолон ва дигар шахсиятҳои расмӣ, вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир гардид.
Дар мулоқот шахсони масъул вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои косерва аз мевагӣ ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, суханронӣ карда, иштирокдоронро ба амалҳои нку созанда роҳнамоӣ карданд.