А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Яккатут” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳи Хуросони ҷамоати деҳоти мазкур аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ”-ро доир намуд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, ҳамчун вакили ҳизбӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдухолиқ Мӯсоев ва мутахассиси бахши танзими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Аҳмадҷон Раҳматзода иштирок дошта, дар суҳбат бо сокинон вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат, ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ғояҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ карда, баҳри аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ маслиҳатҳои судманд дода, иштирокдорони чорабиниро ба амалҳои неку созанда ҳидоят намуданд.
Дар амалишавии чорабинии мазкур беш аз 200 нафар аъзову ҷонибдорони ҲХДТ иштирок карда, дар корҳои ободкорӣ саҳм гузоштанд.