ҶАЙҲУН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон оид ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни чомеа ва ҷиҳати хубтару беҳтар намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар бинои маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти “Панҷ” бо роҳбарону котибони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Панҷ”, “Сари-пул” “Фатҳобод”, “Файзбахш”, “Кӯҳдоман”, “Розиқобод”, “Рӯдакӣ”, “Сулҳобод”, “Пахтакор”, “Мадад”, “Баҳористон” ва “Хайём” семинар-машварати ҳизбӣ таҳти унвони «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» баргузор гардид.
Дар семинар - машварати ҳизбӣ 12 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳбарону котибони ташкилотҳои ибтидоӣ аз Ҷамоати деҳоти “Панҷ” иштирок намуда, доир ба дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории дохили ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз масъулин ёрии методию назариявӣ ва ҳуқуқӣ гирифтанд.