![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%93.jpg?itok=ifh5bJeF)
Н. ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» миёни хонандагони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия пайваста мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор доранд.
Масъулини Кумитаи иҷроия бо хонандагони синфҳои поёнии муассисаи таҳсилоти миёнаи № 9 деҳаи Сангобаи ҷамоати деҳоти Наврӯз мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуда, мақсади озмун, аз ҷумла баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ буданашро фаҳмонида дода, аз рӯи номинатсияҳои он озмуни қироати шеъру достонҳоро баргузор карданд. Аз байни 21 нафар иштирокчиёни озмун 12 нафар ғолибиятро ба даст оварда, ба даври ноҳиявӣ пешбарӣ шуданд.
Баргузории даври аввали озмунҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия, дар байни кормандони фарҳанг ва дигар табақаҳои аҳолӣ бомаром идома дорад.