
Н. ХУСРАВ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ босуръат идома дорад.
Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “шаҳраки Баҳор” бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ заҳбури калони назди деҳа, ки солҳои тӯлонӣ лойқаву ба харобазор табдил ёфта буду обҳои зеризаминӣ боло баромада, заминҳои наздиҳавлигию президентиро шӯр кардааст, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии маҳалла Олимов Эркин тоза карда шуд.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки истифодаи самараноки замин ва захираи маводи хӯрокаро талаб менамояд, сокинон заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро самараноку босифат истифода бурда, барои ду сол маводи хӯрокаро барои аҳли оилаашон захира намоянд.