![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210427_103749.jpg?itok=G76tVC2X)
ХУРОСОН. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳо дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тоза кардани заминҳо” доир гардид.
Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ ва дигар аъзои фаъоли он дар ҷамоати деҳоти Ғаллаобод дар деҳаи Меҳнатобод 2 ҳашарҳои умумиро ба роҳ монда, бехи зироати кишоварзиро нарм карда, аз алафҳои бегона тоза карданд, ки ин омил барои нашъунамо ва ба даст овардани ҳосили фаровон мусоидат менамояд.