ХОВАЛИНГ. Бо иштироки мудири шубаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исфандиёр Саидмаҳмудов бо ҷавонони омузишгоҳи №13-и ноҳия оиди ҷалб намудани онҳо ба касбу кори гуногун суҳбат доир карда шуд.
Дар суҳбат қайд гардид, ки бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба касбу кори гуногун ва шомил нагардидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротие, ки имрӯз бархе аз ҷавонони гумроҳ ба суханҳои хоинонаи ин ватанфурӯшон гӯш меандозанду тарафдорӣ менамоянд, роҳ надиҳанд ва зиракиву сиёсии хешро аз даст надиҳанд.