
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба онҳо барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, гӯшаҳои ҳизбӣ ёрии методӣ мерасонанд.
Онҳо то имрӯз чунин ёриро ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ”, “Маорифчиён”, “Раёсати молия”, “Шуъбаи омор”, “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”, “Истиқлол” ва “Маҳваш” расонидаанд.