
ФАРХОР. Бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии қувваи барқ ва ҳамзамон, шарҳи моҳияти озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сибҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, ва “Илм фурӯғи маърифат” дар ҳудуди шаҳраки ноҳия бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо оилаҳо масъулин оид ба мавзӯҳои болозикр суҳбат намуда, ба аҳолӣ варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.