
ФАРХОР. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Фархор дар Гимназияи давлатии ноҳия баргузор карда шуд.
Зимни баргузории дарси мазкур масъулин атрофи мавзӯи “Нақши ҷавонон дар пойдории сулҳу субот ва рушди устувори кишвар” ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон, аз шунавандагон даъват ба амал оварданд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” иштирок намуда, савия дониши худро баланд гардонанд.