БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон хазинаи тиллоии давлату миллатанд

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии № 38-и деҳаи Некманзари ҷамоати Ғайрат баргузор  гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров баромад намуда, ёдовар шуд, ки мақсад аз баргузории вохӯрӣ тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, илмомӯзӣ, ҳурмату эҳтироми падару модар, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва огаҳ намудани онҳо аз хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад.

Мавсуф дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки акнун замони он расидааст, барои сохтани ояндаи дурахшони Ватану миллат ҷавонони баору номус ва ватандӯсту хештаншиносро тарбия намоем ва ояндаи давлату миллатро ба дасти онҳо супорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Вале ояндаро танҳо бо донишу заковат сохтан имконпазир аст.  Пас шуморо зарур аст,  аз дирӯз дида, имрӯз боз бештар илм омӯзед, китоб хонед ва рушангароӣ намоед.

Инҷунин, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои нави террористию экстермистӣ дар ҷаҳон, бахусус дар кишвари ҳамсояи Афғонистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз дар ҷаҳон ташкилотҳои террористиву экстремистии зиёд ҳастанд, ки мехоҳанд ҷавонони ноогаҳро бо истифода аз усулу роҳҳои гуногун, аз ҷумла  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба самти худ ҷалб намуда, онҳоро ба майдонҳои ҷанг ба Суряву Ироқ ва Афғонистон фиристанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg