БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБХОНАРО ДАР ГУЗАШТА ХАЗИНА ВА ГАНҶИНА МЕГУФТАНД

ЛЕВАКАНТ. Вобаста ба ин, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Абдулҳаева М., Халилова Н. мудири бахши маорифи шаҳр Н. Ашӯров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора  аз вазъи китобхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва Литсейи давлатии №2 бозбинӣ намуданд.

Ҳангоми ин бозбинӣ китобхонаҳо фаъол буданду хонандагон саргарми мутолиа. Маълум гардид, ки бачаҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таёри медиданд.

Аъзои гурӯҳи корӣ бо хонандагон саволу ҷавоб ҳам карда, аз сатҳи дониш ва китобхонияшон бохабар гаштанд.

Китобдорон гуфтанд, ки тибқи муроҷиати хонандагон кӯшиш менамоянд то адабиётҳои заруриро ба онҳо дастрас намоянд.

Китобхона қисмати асосии сохтори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки ҷараёни таълимию тарбиявӣ ва тадқиқоти илмиро бо адабиёт ва иттилоот таъмин намуда, ҳамчунин маркази паҳн намудани дониш, муоширати маънавию зеҳнӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мегардад.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ мунтазам кӯшиш менамояд, ки аз рӯйи имконият фонди бадеии китобхонаи муассисаро бо адабиёти бадеӣ таъмин намояд, то дар боло рафтани маданият ва завқи забономӯзии хонандагони муассиса ҳиссагузор бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg