БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮР БОД ЧАШМИ ДУШМАНОНИ ТОҶИКИСТОН!

ВОКУНИШ. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар майдони сиёсат гурӯҳҳои тундраву характери террористӣ – экстеремистӣ ворид шуданду ба сари халқу миллати тоҷик хоку хун рехтанд.

Мардумро фиреб дода, ба доми худ кашиданд ва ба ҷангу нобудӣ мубаддал карданд. Ин авомфиронбон бо ғояҳои ҷанобони хориҷии худ фаъолият мебурданд, ки дар натиҷаи ин рафтори террористӣ – экстеремистии худ ҳазорон шаҳрвандро қатл ва сайди сиёсати нопоки худ қарор доданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми шарифи тоҷик тавонист аз ҳамаи ин нобасомониҳо бо муборизаҳои шадиди ҷонӣ миллату халқи хешро ҳифз ва амнияташро устувор намояд. Аз ҷурми тарафайн гузашт карда, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва дар сари як дастархон нишаста оши оштиву дӯстӣ тановул намуданд. Аммо ин хоинону бегонапарастон қадри нону намаки мардумро поси хотир накарда, боз аз сари нав ба хоҷагони худ хизматро пешаи мувофиқ донистанд. Бархе аз ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба доми худ роҳсипор карданд ва оқибат ба муқобили халқу миллат бархезонданд.

Ин хиёнаткорон, ки дар зери фишори хоҷагони хориҷии худ қарор доранд, мехоҳанд бори дигар бо фаъолияти террористӣ – экстеремистӣ худ фазои орому осудаи халқу миллати моро ноором созанд. Ин ғуломтабиатҳо ғуломиро аз озодӣ авло дониста, мехоҳанд боз мардумро ба куштору ҷанг даъват намоянд. Зеро ғулом қобилияти фикри худро надорад, соҳибаш чигуна амр намояд онро иҷро мекунад. Маҳз ТЭТ ҲНИ ва муридони ӯ аз байн бурдани Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қарор додаанд.

Бо ақидаи ифротии худ афродеро ба доми гумроҳӣ кашида, онҳоро аз роҳу равиши зиндагии осудаи худ монданд. Бахше аз аъзои худро бо рафтори террористӣ – экстеремистӣ ба қатл расондаанд ва ними дигари онҳоро ба муҳлатҳои гуногун ба ҳабс гирифтор намуданд.

Акнун худро қаҳрамон пиндошта аз хориҷи мамлакат садо баланд мекунанд. Лек мо халқи тоҷик бар муқобили ин турфа хоинон сар мебарорем ва бо як овоз мегӯем, ки кӯр бод чашми душманони Тоҷикистон!

Мо шаҳрвандони ин сарзамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, барои боз ҳам гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз кӯшиш мекунем.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲҲДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg