ВОКУНИШ. Имрӯз самти кӯҳи модари Ватан тир андохтанд, тири андуҳ, тири маломат, тири бухлу ҳасудӣ ва билохира тири номардӣ. Модари тоҷике, ки тафаккури миллиаш ҳазорсола асту дунявият. Модари тоҷике, ки Куруши Кабиру Самонию Сосониро ба дунё оварда, то номи тоҷик ва тафаккури миллии хеш тавассути фарзандони далеру шуҷояш ҷаҳонгир гаштааст.
Модарони ноҳияи Ёвон аз ҳодисаи нангине, ки шоми 29 апрели соли равон дар марзи миёни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби чанд тан аз қирғизҳои дилтангу чашмтангу чингизи хунхор ба вуқуъ пайваст, сахт мутаассиф буда, омодаи ҳимояи марзи аҷдодии хеш ҳастанд, зеро ки модар доимо барои фарзанд мисли кӯҳ аст, ки фарзанд ба ӯ такя мекунад.
Зимнан, ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Муносибатҳои ҳамсоягӣ дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёда аз 4-асра дорад, лек хиёнат корӣ чингиз буд, на тоҷик ва хароб кардани муносибатҳои 4-асра низ амали номардонаи Чингиз аст, ки хуну авлодаш боқӣ қирғиз аст.
Ин амали ноҷавонмардона ҳеҷгоҳ доғ барои миллати тоҷик нест, зеро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз азал то ба имрӯз маълум аст, ки тоҷик миллати инсондӯсту сулҳхоҳ ва ваҳдатсаро аст. Маҳз ҳамин хусусияти наҷиби инсондӯстиву ватандӯстиаш ӯро водор бо ободкорию созандагӣ намуда, соҳибэҳтироми ҷаҳониён гардонидааст.
Имрӯз, ки бо шарофати сулҳу оромие, ки дар кишварамон ҳукумфармост ва онро то Амрикову Аврупо, Осиё эътироф намуда, шаҳрвандонашонро барои сайёҳату истироҳат ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, боиси рашку ҳасади қирғизҳо гардидааст.
Модари тоҷик дар ҳама давру замон назари некбинона дошт ва дорад ва ин амали ноҷавонмардона бори дигар аз ошкор сохтани вориси Чингизи хунхор дар давлати Қирғизистон гувоҳӣ дод.
Сарбозони шуҷои модари тоҷик огоҳ бошеду бидонед, ки модари тоҷик мисли кӯҳ доимо пушти шумо аст ва агар лозим ояд, чун Гурдофариди тоҷик ба майдони набардҳо хоҳанд омад, лек ҳоҷати он нест, зеро фарзанди тоҷик доимо пуштибони Ватан ва Модари тоҷик аст.
Ворух аз мост ва пораи тани мост ва як мушти хокашро ба авлоди Чингиз надиҳем, заминаш онтараф истад.
Бори дигар ба мардуми олам эътироф мекунем, ки ноҷавонмардӣ ва ноадлӣ дар хоки марзи Қирғизистону Тоҷикистон ирода ва хостаи Тоҷикистон набуд, зеро ки ТОҶИК ҲЕҶ ГОҲ ҚОТИЛ НАБУД…
Як мулки нозанин андар паноҳи ту,
Як миллати азим узви сипоҳи ту.
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон