ПАНҶ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бӯстон” бо ҷалби аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидои “Роҳсоз” аксияи тарғиботӣ амалӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардида, бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва мардуми маҳал роҳҳои кӯчаҳои маҳалла сангфарш карда шуд. Ин иқдоми нек аз ҷониби шахсони саховатманд ба ҷои маъракаҳои азодорӣ роҳандозӣ гардида, онҳо дар оянда низ ният доранд ба ҷойи хароҷоти беҳудаи дастархонороӣ чунин корҳои ободониро бештар ба роҳ монанд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)