ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заринкамар”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гашт.
намоянлдагони ҳизбӣ бо сокинон оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин бо мақсади мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти сокинон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ сухан ронда, дар охир ба онҳо варақаҳои иттилоотиро дастрас карданд.