АНДЕША. Чуноне,ки мо ҳамагон огаҳем ва аз таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик хуб медонем, сабабҳои асосии сар задани нофаҳмиҳо ва моҷароҳои марзии байни мову бародарони қирѓиз аз замони тақсимоти ноодилонаи марзию маъмурии саркардагони империяи бузурги Шӯравӣ маншаъ гирифта, рӯз то рӯз балоҳои азимеро ба бор оварда, то имрӯз вазъияти ин мавзеи таърихиро куллан печидатару мураккабтар ва ба бархурду баҳсҳои доманадори байни давлатӣ ва ҳатто ба яке аз масъалаи муҳими ҳалталаби минтақавӣ табдил ёфтааст.
Ворух як порчаи хоки муқаддаси кишвар маҳсуб ёфта, таърихи беш аз чаҳорҳазорсоларо дорост. Яке аз минтақаҳои Ориёвейча ба шумор рафта, номи муборакаш дар китоби муқаддаси зардуштӣ ва оини маздаясноӣ «Авасто» бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст. Сарзаминест, ки танҳо ва танҳо моли тоҷикони бумист ва на аз ягон халқият ва ба ном миллати кӯчист. Халқияте, ки дар натиҷаи омезиши якчанд қавму қабилаҳои бодиянишини саҳрогард миллатеро ташкил дода, на беш аз таърихи 600 соларо дорад, имрӯзҳо саркардагони вақтаинааш талаби минтақаеро аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намуда истодаанд,ки гӯё Ворух мутаалиқи онҳосту бозпас онро хоста ба ҳукумати кишвари мо пешниҳодҳои сарсариву беасос намуда истодаанд, ки хонандаву бинандаи закиро ҳам хандаву ҳам гиря меояд. Чуноне, ки дар урфият мегӯянд «Дузди зӯр соҳиби молро бастааст».
Ман ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чунин кору кирдори аблаҳонаи аз саркардагону ҳукуматдорони ҳамсоякишварро, ки худро ҳомии ҳуқуқу сиёсатмадори натанҳо кишвари хеш, балки сатҳи минтақавию байналмилалӣ медонанд, сахт маҳкум карда, вой бар ҳоли миллате мегӯям, ки чунин шахсиятҳои нолоиқро ба монанди Қамчибек Ташиев ба ҳайси роҳбар тайин намуда, аз он амали неку рушду оромии давлаташро хоҳонаст.
Дар воқеъ имрӯз Ворух барои тамоми тоҷику тоҷикистониён як мавзеи қаҳрамон ва ифтихору номуси ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос гардидааст.
Агар шаҳри Хуҷанд ва қасри Арбоб барои тоҷику тоҷикистониён ҳамчун як макони муқаддасе, ки наҷотбахшандаи миллату давлатро рӯи кор оварда бошад, Ворӯх ҳастиву нангу номус ва як порчаи хоки муқаддаси Тоҷикистонро солҳост ҳифз намуда истодааст. Аз ин рӯ мо ҳамчун пайрави Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони сарбаланди ин мавзеи қаҳрамон, сарбозону сарҳадбонон ва кулли онҳое, ки баҳри ободӣ ва оромии ин мавзеъ кӯшиш намудаанду намуда истодаанд, аҳсану офарин мехонем ва пешниҳоди онро менамоям,ки Ворух маркази 30-солагии Истиқлолияти давлатии Љумҳурии Точикистон эътироф гардад. Ва дар арафаи таҷлили ин ҷашнвораи бузурги миллӣ ба ин мавзеи таърихӣ унвони Ворух-қаҳрамон додан низ аз ҳақиқат дур нахоҳад буд.
Ворух дар ҳақиқат сазовори ба даст овардани мавзеи қаҳрамон, маркази 30-солагии Истиқлолияти давлатии Љумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст.
Тоҷикистон бо Ворух- мавзеи қаҳрамон, соҳибистиқлолиат поянда бод!
Тоҷикистон бо Пешвои муаззами миллат ба пеш!!!
Неъматов Абдучаббор, мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин