БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдат самараи неки Истиқлолият аст!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо мақсади тақвият бахшидани қобилияти фикронии мактаббачаҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 мусобиқаи шашкаю шоҳмотбозӣ гузаронида шуд. Мусобиқа бо шавқмандии зиёди хонандагон ва дилбастагии онҳо ба шашкаю шоҳмотбозӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози мусобиқа дар назди мактаббачагон роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Садбарги Абдураҳим ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Ятимов Ориф баромад карда, оид ба бузургдошти Ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, вазифаҳои навбатии аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи ҳаёти сиёсӣ суханронӣ карданд.

Дар мусобиқаи шашкабозӣ байни писарҳо Табаров Сироҷиддин ва Муминов Ќобилҷон маҳорати баланд нишон дода, ҷойҳои якуму дуюмро гирифтанд. Миёни духтарон бошад, Сатторова Насиба ва Дилнозаи Алихон нисбат ба дигарон хубтар ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷойҳои якуму дуюм гаштанд.

Дар байни шоҳмотбозон бошад, ҷойҳои якуму дуюмро Турдиев Азизулло ва Эҳсони Ворис ишғол карданд.

Зимни ҷамъбасти мусобиқа раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар назди ҳозирин суханронӣ карда, дар баробари шарҳу тавзеҳи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ЊХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иштирокчиёни мусобиқаи варзиширо табрику муборакбод намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмаликро супорид.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg