
ДӮСТӢ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар боғи фарҳангии ноҳия, бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия шанбегии умумӣ гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия ба ҳашар баромада азм доранд, ки то баргузор кардани ин ҷашни таърихӣ боғи мазкурро обод карда, барои фароғати сокинони ноҳия пешкаш намоянд.