БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН ОИД БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

ДӮСТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши муҳоҷирати ноҳия ва бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо як қатор шаҳрвандони ноҳияи Дӯстӣ, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд,  суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбат намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба  будубоши қонунии шаҳрвандон дар Федератсияи Россия, расман ба қайд гирифтани муҳоҷирон дар муҳлати муайянгардида, дар асоси патент фаъолият кардан ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи он кишвар баромад карданд.

Иштироккунандагон низ вобаста ба масъалаҳои муҳим сухан гуфта, ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg