БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ЗИНДАЁД ВА ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ДАНҒАРА.  Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  бахшида ба 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №8 – и ҷамоати деҳоти И. Шариф таҳти унвони « Мирзо Турсунзода - вассофи сулҳу дӯстӣ » Конфронси илмӣ - адабӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Наргис Сайфуллоева, роҳбарони ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия, кормандони касбу кори гуногун ва сокинони заҳматқарину шарафманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Дилафрӯз Сафарӣ  иброз дошт, ки «Мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ- 30 -солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашн ва рӯҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври муътамад собит месозад».Зикр шуд, ки ҳамоиши имрӯза, ки ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода барпо гардид, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлоли давлатӣ арзёбӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg