БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ТИНҶИВУ ОРОМИИ ВАТАН АСТ

ВОСЕЪ.  Ҳар як ҷавони худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу Ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Мо ҷавононро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар бошем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем, афзуд мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар дар суханрониаш бо хонандагони синфҳои болоии  ташкилоти ибтидоии “МТМУ №33”-и ҷамоати деҳоти Абдӣ  Авазови ноҳия.

Зимнан масъулини ҳизбӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ибрози ақида намуда, ҳамзамон даъват ба амал оварданд, ки  вақти холигии худро беҳуда нагузаронида, ба хондани китобҳо машғул шаванд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, номбардори падару модар ва ноҳия гардаднд. Бояд қайд намоем, ки баъд аз суҳбату мулоқотҳо бо хонандагон масъулини ҳизбӣ аз ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии номбурда дидан намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ташкилот маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg