БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ - зиннатбахши рӯзгори мардум

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати тарғиби  либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд дода шуда истодааст.

Бо ташаббуси Кумитаи  иҷроия   дар ноҳия корхонаҳои хурди истеҳсолии ҳунарҳои  миллӣ ва дастиву хонагӣ, корхонаҳои хурдӣ адрасбофӣ, атласбофӣ  зиёд гардида истодааст.

Чунин як корхонаи дӯзандагии ҳунарҳои мардумӣ, ки роҳбараш Усмонова Қундузой мебошад, дар маркази шаҳраки Панҷ фаъолияти густурда менамояд.

Гулдухтарони ҷавони ин коргоҳ бо дӯхтани куртаҳои чакан, гулдӯзӣ, куртаҳои миллӣ,  қуроқдӯзӣ, муҳрабофӣ, кокулбофӣ,  тоқиву ҷомаҳои зардӯзӣ, болишту куртаҳои попурӣ  ва сару либоси мактабӣ  машғуланд.

Мақсад аз таъсис  додани чунин корхонаҳои хурди истеҳсолӣ эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, ки солҳои охир аз мадди назар дур  гашта буд, ҳамзамон бо ҷойи кори доимӣ ва бо шароити арзанда таъмин намудани занону духтарон, илова бар ин тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, ҳавасманд гардонии онҳо барои рӯ овардан ба асолати миллӣ ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg