БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»

ВАХШ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ва инчунин, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон дарси навбатии курси омӯзишии «Созандагони Ватан» баргузор шуд.

Дарси навбатиро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Салимова, дар мавзӯи «Вазъи имрӯзаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Оқибатҳои пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҷаҳон) саноатикунонии бовусъати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ» доир намуд.

Шунавандагони доимии курси мазкур аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия мебошанд, ки бо як дарки баланд дар дарсҳо фаъолона иштирок менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg