БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ДАР КОЛЛЕҶИ “ДАВО”

БОХТАР. Дирӯз  гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии “Даво” вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Мирзохониён Искандар, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Амирзода Аловуддин, Саидов Илҳом ва дигарон иштирок доштанд. Нахуст, Мирзохониён Искандар ва Асадуллозода Ватан ба сухан баромада, доир ба маъалаҳои мубрами ҷомеа ибрози назар карданд. Дар давоми 29 соли Истиқлолият Сарвари давлат чандин маротиба бо ҷавонони кишвар мулоқот баргузор намуд, ки дар ин вохӯриҳо масъалаҳои муҳими ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ гардиданд. Дар солҳои аввали таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли мо, Пешвои миллати тоҷик нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буданд. Мисоли чунин гуфтаҳо нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар, ки 17 марти соли 1994 мебошад, ки дар ин мулоқот Ҷаноби Олӣ ҷавононро бо вазъи воқеии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар шинос намуданд ва дар ҳамон рӯзҳои аввал таваҷҷуҳи ҷавононро ба ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҷалб менамуданд. Аз таъкидҳои дигари Пешвои миллат Эмомлаӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар мешавам, ки ҳимояи Ватанро бар дӯши ҷавонон гузошта, бо як дили пур аз орзуҳо ҷавононро таъкид менамояд, ки ҳомии Ватани азизи хеш бошанд чуноне, ки мефармоянд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд». Инчунин, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро падарона насиҳат намуда, дар мавриди ҳурмати калонсолон, тарзи баёни ширину боадабона ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон пайваста кӯшиш менамояд ва мегӯяд: «Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо давоми чанд соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист», ки ин ҳам яке аз нишонаҳои боварии Ҷаноби Олӣ ба ҷавонони кишвар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg