БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД: САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН

БАЛҶУВОН. Оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пайваста  байни сокинон ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрию мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад.

Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №1”-и деҳаи Охбулоқи ҷамоати деҳоти Тоҷикистон   миёни аъзои ташкилот бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор карда шуд. Зимни баргузории вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини ҷумҳуриро зарур аст, ки корро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва захираи маводи хӯрокаро афзун намуда, аз норасогии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашем.

Ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро самараноку босифат истифода намуда, дар ин давраи ҳассоси ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки  бо меҳнату заҳмати софдилонаю поквиҷдонона баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш камари ҳиммат баста, зиндагии шоистаро бароямон муҳайё гардонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg