БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ ҒАМХОРИ МО

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи вазнини таърихи навини Тоҷикистон ба сари қудрат омад. Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи вазнинтарин баргардонидани гурезаҳо диққати асосӣ дод, чунки бе баргаронидани гурезаҳо дигар масъалаҳои душвортарин ҳалли худро барои баргардонидани гурезаҳо дида баромада, барномаи “Хоки Ватан”-ро ташкил намуд. Мунтазам худаш ва дигар роҳбарони давлатро ба назди гурезаҳо фиристод, чунки бе баргардонидани гурезаҳо сулҳи тоҷикон имкон надошт.

Вай ба ҷавониаш нигоҳ накарда, масъалаи душвортарини рӯз, масъалаи баргаронидани гурезаҳоро дар мадди аввал гузошт. Чаро ҷанг солҳои зиёд дар Афғонистон рафта истодааст? Сабаби инро ман дар сари вақт баргардонида натавонистани гурезаҳо мебинам. 6 милион нафар гурезаҳои афғон, фарзандони дар беруни кишвар бадунё омада, ҳаракати толибонро ташкил намуданд. Агар гурезаҳо саривакт баргардонида мешуданд, ҷанг дурудароз давом намекард.

Эмомалӣ Раҳмон кушид, ки тамоми гурезаҳои Тоҷикистонро ба ҷоии зисти авалаашон баргардонад. Хонаҳои вайронгаштаи онҳоро бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ барқарор намояд. Президенти кишвар кӯшиш бар он намуд, ки дӯстии халқҳои минтақаҳои Таҷикистонро барқарор карда , гурезаҳои тоҷик ба хонаҳои пешинаи худ баргаштаанд.

Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, ҷони худро дар хатар ниҳода, дар андешаи байни тавори тоҷикон авф, бахшиши гунноҳои ҳарду ҷониб ва ҳамдигарфаҳмиро ба миён гузошт. Дар натиҷа, гурезаҳо ба макони зисти худ баргашта, оштии миллӣ баркарор шуд, ки ин орзуи деринтизори мардуми сарсони точик, маҳз бо ҷаҳду талошҳои каҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо дар бораи яке аз хизматҳои миёни ӯ мухтасаран мавриди назар карор додем.

Сатторов Шариф,  мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg