Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроия нуктаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои аслии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамарӯза бо усули «хона ба хона» ва ташкилот ба ташкилот гузаронида истодаанд.
Ин навбат кормандони ҳизбӣ дар деҳаи Бешкаппаи ҷамоати деҳоти Наврӯз бо сокинон ва ҷавонону наврасон хониши сиёсӣ баргузор намуда, қайд карданд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳои муҳим мубориза бо терроризму ифротгароӣ низ таъкид шудааст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки теророризму экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, таҳдид ба амнияти кишвар мебошад. Тамоми дунёро ба ташвиш оварда, ба амнияти кишварҳо ва сокинони сайёра бо амалҳои экстремистию ваҳшонияти худ, ки боиси бадбахтии ҳазорон мардумони бегуноҳ, аз ҷумла калонсолону кӯдакон гашта, қатлу куштор ва рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуонҳ мегарданд.
Имрӯз шабакаҳои интернеӣт ва дигар воситаҳои техникии муосир барои аксари ҷавонон дастрас аст. Мубаллиғони гурӯҳҳои ифратгарою террористӣ аз онҳо хело моҳирона истифода бурда, мағзи сари наврасону ҷавононро бо ғояҳои дурӯғину харобиовар заҳролуд мекунанд ва бо гапҳои пучу ваъдаҳои ҳавоӣ моил месозанд. Ба ин гурӯҳҳо аз ҳама бештар ҷавонони бекор онҳое, ки бо меҳнати ҳалол намехоҳанд рӯз гузаронанд, ба доми онҳо меафтанд ва гумон мекунанд, ки хоҷагони террорист дар оянда ба онҳо зиндагии серу пурро таъмин менамоянд.
Сипас, сокинон ва ҷавонон ин гуфтаҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои пешгирӣ ва татбиқи амалҳои неку шоиста иброз доштанд.