ХОВАЛИНГ. Дар суҳбате, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 гузарониданд, ба хонандагон дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” маълумот дода, хонандагонро барои мутолиаи китоб ва иштирок дар озмунҳои мазкур ҳидояту роҳнамоӣ намуданд.