БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ БА СОКИНОН ФАҲМОНИДА ШУД

ХОВАЛИНГ.  Бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Бобоҷон Зоиров ва Фархундаи Ато дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 бо падару модарони хонандагон доир ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, риояи талаботи беҳдоштӣ ва вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суҳбат гузаронида шуд.

Номбурдагон дар баромадашон дар бораи талаботҳои қонунҳои мазкур, ки ба болоравии зисту зиндагии мардум ва таълиму тарбияи насли наврас мусоидат менамояд, ба таври муфассал маълумот доданд.

Иштирокдорони суҳбат вазифадор карда шуданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таълиму тарбияи дурусти фарзандонашон талаботи қонунҳои мазкурро иҷро  ва корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg