БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Арзишҳои давлатдории миллӣ омили асосии бақои давлат аст

НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Бӯстон” вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ оид ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, пешгирии исрофкорӣ, омилҳои сироятшавии ҷавонон ба ВНМО вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Қосимов Раҳматулло баромад намуд. Сипас, Ғафурзода Фирдавс оид ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳифз намудани арзишҳои  миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар суханронӣ намуд.           

Дасти сахо дароз намудан ба ятимону шахсони ниёзманд, бунёди мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ дар маҳалаҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки бори дигар ба саъми мардум расонида шуд.

Инчунин, масъалаи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.                                                    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg