ФАРХОР. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳо оид ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ сокинон ба сохтани иншоотҳои гигиенӣ шуруъ намуданд.
Мавҷуд будани чунин як иншооти гигиенӣ барои кам гардонидани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд. Ба ин хотир ин ташаббуси ҳизбиён аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуда, онҳо талош доранд чунин иншоотҳои гигиениро дар манзилҳои истиқоматиашон сохта ба истифода диҳанд.