Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати ичрои тадбирҳои амалӣ доир ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хўрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 масъулини ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» бо беш аз 7 оилаҳои маркази ноҳия вохӯрии фосилавӣ анҷом доданд.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо сокинон дар бораи васеъ гардонидани масоҳати боғоту вусъати боғпарварӣ суҳбат намуда, истеҳсоли маводҳои хушсифати ватаниро дар байни онҳо тарғиб намуданд.