АНДЕША. Ҳар як инсон агар хоҳад, ки ба беморӣ гирифтор нашавад бояд мунтазам корҳои ҷисмонӣ ё машқҳои ҷисмониро иҷро намояд. Агар нафаре, ки дар деҳот ва маконе зист кунад, ки дар онҷо имконияти кори ҷисмонӣ аст, ҳатман бикунад зеро аз он ҳам фоида мегираду ҳам баданашро солим нигоҳ медорад. Дар сурати набудани кори ҷисмонӣ ҳар як нафар метавонад машқҳои ҷисмониро ба ҷо биёрад ин ҳам дар ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.
Мувофиқи тавсияи табибибон нафароне, ки ба кор ё машқҳои ҷисмонӣ мунтазам машғул мешаванд онҳо аз бемориҳои қалб, фишорбаландӣ, диабети қанд ва ғайра эмин мебошанд. Дар ҳолати кори ҷисмонӣ суръати кори дил тез шуда, гардиши хун зиёд мешавад ин ҳолат метавонад тамоми узвҳои инсониятро солим нигоҳ дорад. Машқҳои пагоҳирӯзӣ низ усули хубест барои тандурустии бадан. Дар ҳолати иҷрои ҳар рӯзи он тамоми маводҳои зарарноки узвҳои организми инсон нобуд шуда, бадани инсон дар ҳолати хуб қарор мегирад. Нафароне, ки ба кори ҷисмонӣ ва машқҳои ҷисмонӣ мантазам машғул мешаванд, ҳатто хӯроки хӯрдаашон тез ҳазм шуда, узвҳои ҳозимаашон низ хуб кор мекунад. Дар ҳолати чунин вазъият ранги пуст ва қомати чунин нафарон хуб мешавад.
Нафароне, ки мунтазам ба корҳои ҷисмонию машқҳои ҷисмонӣ машғуланд дар онҳо чолокӣ дида мешавад ва системаи асаби онҳо низ хуб кор мекунад. Онҳо дар ҳаёт ҳушёр ва зирак ҳам мешаванд. Барои ҳамин ба ҳар як нафар зарур аст,ки дар муҳити оилавии худ барои иҷрои машқҳои ҷисмонӣ шароит муҳайё намояду аъзои оилаашро ба иҷрои ин амал таъкид намояд. Ташаккули тарзи ҳаёти солим аз риояи гигиенаи шахси ва машқу кори ҷисмонӣ маншаъ мегирад.
Мирзоев Сафаралӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ