БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

АНДЕША. Бо шунидани  хабари шуми  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷойи шодию хурсандии бошандагони собиқ давлати Шӯравӣ, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ховалингро ғаму андӯҳ фаро гирифт

Рӯзи 23 июни соли 1941 дар боғи марказии ноҳия, ки он солҳо онро Чорбоғ меномиданд, гирдиҳамоии умумии  мардуми диёр баргузор гардид, ки дар он зиёда 1540 нафар ширкат варзида, нутқи ҷонишини раиси Комиссариати халқи СССР М.  Молотов ва Укази Президиуми Совети Олии СССР - ро шуниданд.

Дар он рӯзҳо бештар аз  740  гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар ноҳия шуда гузашт, ки дар онҳо хурду бузург иштирок намуда, нафрат ва қаҳру ғазаби худро нисбати истилогарони фашистӣ баён менамуданд.

Мардуми шарафманди диёр ба мубориза ба муқобили душманон бархостанд. Аксаран бо ариза ба ҳимояи Ватан мерафтанд.Танҳо дар рӯзи якуму дуюми ҷанг 465 нафар фарзандони диёр аз рӯи нангу номус бо хоҳиши худ  ба ҳимояи Ватан сафарбар шуданд.

Корнамоии фарзандони диёр  Сайдаҳмад Каримов, Муродалӣ Маҳмадалиев, Саидмаҳмуд Одинаев, Маҳмадалӣ Каримов, Қаюм Умаров, Бегалӣ Назаров, Идин Рабиев,  Ало Саидов,  Хӯҷаҷон Халилов,  Почохон Бобохонов, Дарё Ҳалимов, Муъмин Зуҳуров ва садҳо дигарон, ки дар ҳарбу зарби ҷанг аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, бо бисёр ордену медалҳо сазовор гаштанд, имрӯз ҳам вирди забони мардум аст.

 Акси родмардони диёр гӯшаҳои ҳарбӣ - ватандӯстии муассисаҳои таълимиро оро дода, хонандагон дар симо ва  кору пайкори онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ тарбия карда мешаванд.

Боиси тазаккур аст, ки қаҳрамонӣ ва ҷонфидоии сокинони миллат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ аз хотираи халқ зудуда намегардад. Зеро ном ва кори онҳо дар таърихи миллат абадӣ сабт аст. Ба хотири онҳо Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар сол 9 - май бо тантана ҷашн гирифта мешавад ва дар ин рӯз аз корнамоии фарзандони халқи тоҷик бо ифтихор  ёдоварӣ карда мешавад.

 Имсол бошад,  дар кишвар 76 - солагии  ғалабаи бузурги халқи  собиқ давлати Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири таҷлили ин санаи фархунда дар ноҳияи Ховалинг аз тарафи Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар масъулин корҳои  таблиғотию ташвиқотӣ бурда мешавад. Шанбегиҳои дастаҷамъона дар оромгоҳҳо, аз ҷумла оромгоҳҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир”, вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо иштироки собиқадорони башардӯст ва  иштирокчиёни ақибгоҳ,  хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар мавзуи “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини  Ғалаба”,  иншо дар мавзуи  қаҳрамонии қаҳрамонони Ватан, аксияи ҳизбӣ “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” бо тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ, тоза намудани макони зисти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ , ки дар ноҳия ҳамагӣ 2 нафар мондаанд, номгӯи чорабиниҳоест нақшаи кории Кумитаи иҷроия,  ки то рӯзи таҷлили ҷашн амалӣ карда мешаванд.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg