АНДЕША. Мувофиқи он, ҳар як нафари синну соли хизматӣ ба хидмати Ватан- Модар ҷалб мешавад ва ё ҳатто донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм мекунанд, уҳдадоранд, баъди хатми донишкада ва ё донишгоҳ як сол хизмати ҳарбиро адо намоянд ва танҳо дар ин сурат ҳуқуқи гирифтани рутбаи харбии афсариро сазовор мегарданд.
Боиси ёдоварист, ки ҳамасола дар кишвар ду маротиба даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир мегардад. Шурӯъ аз 2-юми апрели соли равон дар тамоми минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта истодааст. Имрӯз ҷавононеро метавон пайдо намуд, ки давомдиҳандаи кору пайкори гузаштагон ва насли ояндаи миллат буда, бо ифтихор баҳри иҷрои масъулияти фарзандии хеш дар назди халқу Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар мешаванд.
Имтиёзи дигаре, ки барои ҷавонони хизматкарда дода мешавад бисёр муфид ба назар мерасад. Минбаъд ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ дохил ва хориҷ бидуни озмун дохил мешаванд. Ба гуфтаи вакилон ин имтиёз ба хотири ҳавасманд кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешниҳод мешавад. Бинобар иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” аз ҷониби вакилон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид. “ Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқии дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд” – тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи мудофиа” ва “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб мекунад.
Қобили зикр аст, ки қисмҳои ҳарбӣ ва макони будубоши аскарон бо муҳимтарин васоити техникӣ, маишӣ, ташкилӣ ва ҳарбӣ муҷаҳҳаз буда, онҳо аз беҳтарин шароити хизматрасонӣ бархӯрдоранд. Дар давоми ду соли хизмат дар Артиши Миллӣ ҷавонони мо, аз як тараф сабақи зиндагӣ ва аз тарафи дигар бо тамрини мунтазами интизомӣ баданро обутоб дода, ба беҳтарин фарзандони Ҷатан табдил меёбанд. Маҳз дар ҷараёни хизмати ҳарбӣ насли ҷавони мо дуруст дарк менамояд, ки хидмат ба меҳан рисолати инсон аст. Аз дигар ҷониб амнияту суботи миллию минтақавиро нигоҳ доштан вазифаи ҳар фарди ин кишвар мебошад.
Бо гузашти айём ва тақозои замон айни ҳол дар назди насли ҷавони имрӯз вазифаи муҳим- довталабона хидмат кардан дар сафҳои Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ истодааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик дар сафи Атиши миллӣ хизмати сарбаландона намуда, дар роҳи ободию озодии кишвар ва Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.
Сайфулоев Раҳмиддин, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун