БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА РОҲАТ МЕОРАД...

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳияи Панҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату мулоқотҳоро дар мавзӯъи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мева ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ ва риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ бо маром баргузор намуда истодаанд.

Намояндагони ҳизбӣ  зимни суҳбату мулоқотҳо варақаҳои иттилоотиро ба сокинон тақсим намуда, иброз доштанд, ки истифодаи заминҳо ва захираи маводҳои ғизоӣ ба манфиати худи мо мебошад ва бо ин роҳ мо метавонем буҷаи оиларо ғанӣ гардонида, аз омилҳои манфии беруна, ки ба мо ва аҳли оилаи мо таъсир мерасонад, худро эмин нигоҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg