БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИД АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

МУЪМИНОБОД. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод аз  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмаки аввалияи тиббӣ»  боздид ба амал оварда,  нисбати фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, корҳои ташкилӣ, пардохти  саривақтии  ҳаққи узвият ва ҳуҷҷатгузорӣ мутобиқ ба санадҳои  меъёрию ҳуқуқии вобаста ба  фаъолияти  ҳизбӣ  омӯзиш ба амал оварданд.

Дар рафти омӯзиш  масъулони ҳизб Гулсунбӣ Раҷабова муовини раиси Кумитаи иҷроия, Ҳайдарзода Рамазон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ва Шоев Талабшо мутахассиси шуъбаи ташкилӣ аз рафти кори ташкилот боздид намуда, ба онҳо дар пурзӯр намудани кори ҳизбӣ маслиҳатҳои  судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg