БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРАКАТИ ЗАМИН АЗ МЕҲНАТ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар хоҷагии деҳқонии “Беҳбудӣ” оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  вохӯрӣ доир гардид.

Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани чанд ҳосил яке аз вазифаҳое мебошад, ки  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди деҳқонон ва кишоварзон гузоштаанд. Кормандони соҳаро лозим аст, ки барои дар амал татбиқ намудани  ин супориши муҳим камари ҳиммат баста, софдилона заҳмат кашида, ҳосилро безарар чамъоварӣ намоянд.

Дар идома  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва оиномавии ҲХДТ, дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, дар доираи Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои  тақвият бахшидани  ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”  кумак ба оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, ҳифзи оромиву Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ,  сарфаю  сариштакорона истифода бурдани об ва  неруи барқ ибрози ақида карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg