
ҶАЙҲУН. Бо мақсади баланд бардоштани сифати кори ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” ташриф оварда, ҳуҷҷатҳои ҳизбии ин ташкилотро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ҷо ба ҷо намуданд.
Инчунин, таъкид карданд, ки минбаъд ташкилоти ибтидоӣ робитаро бо Кумитаи иҷроия ҷоннок намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созанд.