ҚУБОДИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 76- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб ба 20 нафар аз оилаҳои ниёзманд, ятимон ва 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.