БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлтдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими миллат мақом ва нақши муҳим дорад ва бо ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад.

Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд « Риояи меъёрҳои забони адабӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бевоситаи ҳар як роҳбару корманди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёӣ мебошад. Инро ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки ба ояндаи неки Ватан хушбин аст ва мехоҳад давлаташ комилан соҳибистиқлолу мутараққӣ бошад, бояд дарк намояд. Фаромӯш набояд кард, ки  бе рушди забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем.»

Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.

Мо ифтихор аз он дорем, ки забони тоҷиқӣ дар тӯли ҳазор сол, ки халқи тоҷик давлати худро надошт, аз байн нарафта, бо шарофати нангу номуси ватандориву соҳибзабонии фарзандони барҷастаи миллат барҷову барпо монд. Яке аз ин фарзандони фарзонаи миллат Имоми Аъзам мебошад, ки саҳми ӯ  дар пойдор ва асолати забони тоҷикӣ ниҳоят бузург ва арзишманд аст. Агар ин фарзанди баруманди халқ намешуд, ғазовати араб ва арабикунонии мардуми Аҷам дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикиро аз будаш бештар маҳдуд намуда, тақдири минбаъдаи форсигӯён хело маҳдуд мегашт. Маҳз тавассути дониш ва малакаи Имоми Аъзам забони тоҷикӣ воситаи амалӣ намудани рукнҳои ислом ва тоати исломӣ вориди тамаддуни нав гардид.

Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо барои рушду камол ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ тамоми шароитҳоро доро буда, барои равнақу ривоҷи забони давлатӣ шароити наву мусоидро фароҳам овардааст.

ҳар як  миллату халқро пеш аз ҳама аз рӯи нуфузу мартабаи забонаш мешиносанд. Зеро забони модарӣ муқаддастарин сарвати миллат мебошад. Боварӣ дорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  бо дарки баланди миллӣ ва хештаншиносӣ  дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон саҳми босазои худро мегузорад.

Раҳмонова Маҳбуба, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg