
ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон дар доираи Аксияи ҳизбии “Эҳтиёҷмандон пайваста зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!” ба як нафар модари танҳо Маҳмуродова Холдона, ки 84 сола мебошад, сокини деҳаи Роҳи нави Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Аз ин иқдоми неки ҳизбиён модари танҳо болидахотир гардида, бо дасти дуо дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Тоҷикистони азиз дуои нек кард.