БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Энергетика соҳаи ояндадори кишвар аст

ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо кормандони нерӯгоҳи обии барқии шаҳр баргузор гардид.

Масъулин зимни вохӯрӣ оид ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон рӯзи 2 июни соли 2018 дар ноҳияи Данғара баргузор гардида,  суханрони намуда,  оид ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, ташкили заминҳои мусоид ва инфрасохтори заруриро барои рушди боғу токпарварӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот, таъмин намудани захираи зарурии хӯроки чорво ҳам дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ва ҳам аз тарафи аҳолӣ солиму беталаф баровардани чорво аз фасли зимистон,  афзоиши маҳсулоти чорво аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, сари вақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ,  инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад карданд.

Дар охир аз ҷониби  масъулин билетҳои ҳизбӣ ба   59  нафар кормандони силсила нерӯгоҳи мазкур, ки ба сафи ҳизб шоимл гардиданд, ҳамзамон нафароне,ки барои  пешбурди кори ҳизбӣ саҳмгузорӣ кардаанд,  бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg