ДАНҒАРА. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Камолиддинзода Ҷомӣ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Файзбахш бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагони деҳа, ҷиҳати оқилона ва сарфакорона истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ вохӯриҳо доир карда шуд.
Дар рафти вохӯриҳо мавсуф аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии сокинон дидан намуда, қайд кард, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ ҳар яки мо вазифадорем, ки заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намуда, дар як сол аз заминҳои обӣ то 3 -4 ҳосилро ба даст оварда, фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳо таъмин намоем.